Тоҷикистон

NBS2GO дар Тоҷикистон



Ташкил намудани Гурӯҳи омӯзишии Китоби Муқаддас

Мо боварӣ дорем, ки Худованд мехоҳад, ки мо кӣ будан ва дар куҷо зиндагӣ кардан, фаъолият кардан ё якҷоягиамонро барои фаҳмиши абадият истифода барем. Барои шурӯъ намудан, ин се иқдомро бояд иҷро кард:

1. ДУО КУНЕД

… ҳама аз дуо ва муносибат шурӯъ мегардад.

ДУОКУНАНДА
● Ба номи дӯстатон, ки ба Шумо барои омӯзиши Китоби Муқаддас кӯмак мекунад, дуо кунед.
● Ҳамроҳ мунтазам дуо кунед. Аз Худо панд ва роҳнамоӣ Ӯро дархост кунед.
● Дар вақти роҳгардӣ дуо кунед. Аз Худо баракат ва паноҳ талаб намоед.
● Барои ҳамаи одамон бо зикри номҳояшон дуо кунед. Аз Худо имкони дидор,
парасторӣ ва хизмати онҳоро талаб намоед. Ғамхорӣ дилҳоро мекушояд ва
муносибат барпо менамояд.
● Барои ҳидояти онҳо барои омӯзиши Китоби Муқаддас дуо кунед.

МУНОСИБАТҲО
● Бо шахсоне, ки бо Шумо зиндагӣ, кор мекунанд ва наздиконатон ҳастанд вохӯред. Накӯкорона ва илҳомбахшона рафтор кунед.
● Шахси сӯҳбаткушо бошед — саволҳо хуб диҳед ва ҳамсӯҳбататонро бодиққат гӯш кунед.
● Ҳамроҳ чой, қаҳва нӯшед, ва ё ҳамроҳ хӯрок хуред.
● Дар ҷустуҷӯи имконияти дӯст доштан, ҳадя кардан ва хизмат расонидан бошед.

2. ПАЙВАСТШАВӢ

… шахсонеро пайдо намоед, ки ҳавасманд ҳастанд.

НАҚШАИ ҶАМЪОМАДРО КАШЕД
● Таърихи рӯз, вақт ва маконро интихоб кунед.
● Рӯйхати шахсоне, ки омаданашонро интизор ҳастед, тартиб диҳед.
● Дуо кунед ва онҳоро даъват намоед.
● Агар хоҳед, пешниҳод намудани нушиданиҳо дар назар гиред.
● Барои ҷамъомад рӯйхати саволҳо тайёр кунед ё машғулияти «шиносоӣ» гузаронед.

ДАСТУРАМАЛИ ҶАМЪОМАД
● Дар ҳолати зарурӣ қаҳва, чой ва/ё хӯрок пешниҳод кунед.
● Ба ҳама хушомадед гӯед, худ ва дигаронро муаррифӣ кунед (савол ва ё
машғулиятро истифода баред) ва ба онҳо вақт барои шиносоӣ бо ҳамдигар ҷудо намоед.
● Дар анҷоми вохӯрӣ сухане ба чунин монанд гӯед: «Мо ҳамроҳ вақти хубе доштем.
Ман мехоҳам муҳити мусоид ва ҷамъияти ғамхор бунёд намоям, то ки гурӯҳи мо дар он якҷоя Китоби Муқаддасро омӯзад, маънои гуфтаҳои онро барои худ кашф намоем ва бифаҳмем, ки он шахсан ба мо чӣ алоқамандӣ дорад. Мехостам фикри Шумоёнро бишнавам.»

3. РОҲБАРӢ

… акнун сар кунед.

● Дастурамали Омӯзишро дастрас карда, барои ҳар як аъзои гурӯҳ чоп кунед.
● Аз чаҳор маҷмӯъи Навиштаҷотҳои Муҳокимашавандаи Дастури Омӯзиш якеашро интихоб кунед.
● Барои қайди ҷавобҳо ба саволҳои ҳаррӯза ба иштирокчиён дафтар лозим мешавад.

Агар ба тарҷумакунӣ кӯмак карда хоҳед ба мо мактуб равон кунед contact@nbs2go.com

Омӯзиши Китоби Муқаддас дар тоҷикӣ

HYP (Tajik – Light)

НУР: Зиндагии самбақаи баҳрӣ дар уқёнус бояд гузашт. Ҳангоми баровардани онҳо аз муҳити зисташон бо нурҳои сохта, онҳоро марг интизор хошам буд. Исо гуфт: “Ман нури ҷаҳон ҳастам; ҳар кӣ Маро пайравӣ кунад, дар торикӣ роҳ намеравад, балки нури ҳаётро дорад” (Юҳанно 8:12). Ба чаҳор омӯзишҳои Нур, ки дар асосҳояшон ҳаёт, муносибатҳо, мӯҷизаҳо ва паёмҳои Исо мебошанд, мутаваҷҷеҳ шавед.

~Study Guide~: ~View~ | ~Download~
~Leader Guide~: ~View~ | ~Download~
Давомнокӣ: 8 ҳафта